Қарахон Чилазода - раиси Палатаи ҳисоби Чумҳурии Тоҷикистон санаи 2 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки кормандони ин ниҳод дар соли 2021 дар ҷараёни 247 санҷиш ба маблағи 282,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2021 санҷиши фаъолияти субъектҳо нисбат ба соли қаблӣ 25 адад коҳиш ёфта, ҳаҷми зарари молиявии ошкоршуда 30,5 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз маблағи умумии зарари ошкоршуда азхудкунии ғайримақсадноки ресурсҳои молию пулӣ 55,7 миллион сомонӣ ва камомаду дуздии маблағ 8,9 миллион сомониро ташкил дод.
Зиёд кардани нархгузорӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 23,4 миллион сомонӣ ва зарар ба буҷет аз сабаби кам нишон додани нарх ва напардохтани андозҳо 49,9 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар ҷараёни чорабиниҳои дахлдор 274,5 миллион сомонӣ аз маблағҳои буҷет барқарор карда шуданд.