- Дар соли 2021 Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, 65 адад озмоишгоҳҳо дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуда, бо лавозимот, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ таъмин карда шудааст, - зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, мавсуф гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 1 млн. 103 ҳазору 710 адад ташхисҳои маҳсулоти озуқавории гузарондашуда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва ба саломатӣ хавфнок муайян гардиданд. Ин маҳсулотҳо аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шуданд.