Бо пешниҳоди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли 2022 дар пойтахт «Соли рушди сифати таҳсилот» ва «Соли мутолиаи китоб» эълон мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ шуд.
Дар маҷлиси назоратӣ инчунин масъалаҳо ҷиҳати тибқи талабот омода ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ ва рўйхати роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, назорати давомоти саривақтии хонандагон ва омўзгорон ба дарсҳо, омодагӣ ба пешвозгирии ҷашни Наврўз, назорати иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ ва гулу буттаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, пешниҳоди маълумотнома аз натиҷаи вазъи корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимии навбунёд, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омўзгорони касбӣ, ташкил намудани вохўрӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омўзгории кишвар, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт мавриди муҳокима қарор гирифт