Аз тарафи Хадамоти гумрук 6 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои пастсифат ошкор шуд. Аз ин шумора 3 ҳолати воридоти ғайриқонунии дорувории пастсифат ба миқдори 3287 қуттӣ бо арзиши 262 911сомонӣ, 1 ҳолати воридоти ғайриқонунии нони хушк (сухарики) ба миқдори 9 980 кг бо арзиши 67 680 сомонӣ, 1 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти пастсифати гӯштӣ ба миқдори 465 кг ва як ҳолати воридоти ғайриқонунии маҳсулоти пастсифати гӯшти мурғ ба миқдори 16 695 кг ва қиммаи гӯшти мурғ ба миқдори 1 920 кг бо арзиши умумии 582 240 сомонӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд, хабар дод Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 2 феврал дар Хадамоти мазкур баргузор шуд.
Мавсуф қайд намуд, ки ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ин давра 1835 ҳолатро дар бар мегирад, ки нисбати соли 2020-ум 125 ҳолат камтар аст.