Санадҳои мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ, мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити имрӯзаи иқтисодӣ, ҷорӣ намудани маҳдудият дар самти гузарондани санҷишҳои андозӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ, хусусан ба соҳаҳои саноати коркард, моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, васеъ намудани манбаи андози аксизӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ва канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба резидентҳои давлатҳои аҳдкунанда таҳия шудаанд. Чунин иттилоъро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарии ин ниҳод пешкаши хабарнигорон намуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 232,0 миллион доллари амрикоӣ пардохт карда шуд, ки аз он пардохти қарзи асосӣ 157, 2 миллион доллари амрикоӣ ва фоизи қарз 74,8 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.