1 феврал дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино нишасти матбуотӣ доир гардид, ки зимни он ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода оид ба теъдоди умумии донишҷӯён дар Донишгоҳ иттилоъ дод, ки 13012 нафарро ташкил медиҳанд. Гуфта шуд, ки аз ин шумора 11702 нафар дар сатҳи тодипломӣ, 1310 нафар муҳассилини баъдидипломӣ ва шунавандагон мебошанд. Донишҷӯёни хориҷӣ 1951 нафар буда, аз 19 давлати дунё, аз ҷумла Канада, ИМА, Олмон, Латвия, Финландия, Бангладеш, Танзания, Малайзия, Португалия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Арманистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон мебошанд, ки ҳоло дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар соли 2021 донишгоҳро 1572 нафар, аз ҷумла, 40 нафар бо дипломи аъло, 114 нафар тибқи квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 276 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 6 кишвари ҷаҳон хатм намудаанд.