1 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ ёфт, иттилоъ медиҳад Академияи мазкур.
Абдухалил Ғафурзода, ректори академия марбут ба дохилшавии магистрантон ба шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва оғози дарсҳо таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» омӯзиши мактаби идоракунию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, то хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоянд, мактаби бузурги давлатдории Пешвои муаззами миллатро омӯзанд ва онро дар фаъолияти ҳаррӯза татбиқ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2022 ба шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» 46 нафар магистрант аз рӯи ихтисоси 1-260101 — идораи давлатӣ ва 1-23010101 — сиёсати берунӣ ва дипломатия шомил шуданд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар бораи донистани ду забони хориҷӣ барои хизматчиёни давлатӣ таҳсилро дар шуъбаи магистратура бо се забон – забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда, магистрантон давоми як сол малакаи корӣ ва забондонии худро такмил дода, соҳиби диплом мегарданд.
Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ба болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.