- Соли 2021 аз қаламрави ҷумҳурӣ 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 36. млн доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба соли пешин аз рӯи ҳаҷм 79 ҳазор тонна зиёд мебошад. Иҷрои дурнамои пешбинигардида 149 фисад таъмин карда шуд, - гуфт дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон муовини вазир Нигина Анварӣ.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар соли гузашта асосан маҳсулоти кишоварзӣ, ба мисоли пиёз 6 ҳазор тонна, меваи хушк 25, 5 тонна, меваҳои тару тоза ва ангур 43, 3 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содирот карда шуданд.