Даври чоруми чемпионати футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид. Дар ин мусобиқот довталабони аслии медали тилло- дастаҳои Эрон ва Узбекистон пирӯзии навбатӣ ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорум аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Бо ҳамин натиҷа дастаи Эрон бар футзалбозони Қирғизистон пирӯз шуданд.
Дастаи мунтахаби Эрон, ки пайи ҳам чаҳор пирӯзӣ ба даст овардааст, бо дувоздаҳ имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад ва дастаи миллии Узбекистон 9 имтиёз дорад. Дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон якимтиёзӣ доранд.
То анҷоми чемпионати CAFA-2022 ду бозии дигар боқӣ мондааст. Аллакай дар даври баъдӣ пешсафони ин мусобиқот дастаҳои Эрон ва Узбекистон бо ҳам вомехӯранд, ки дар он аввалин қаҳрамони Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ дар футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона муайян хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки аввалин чемпионати CAFA Futsal Championship миёни дастаҳои занона дар шаҳри Душанбе бо системаи даврӣ дар ду давр баргузор шуда, ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар доираи мусобиқа дувоздаҳ бозӣ баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 5-ум
27 январ (панҷшанбе)
15:00 – Эрон – Узбекистон
18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 6-ум
28 январ (ҷумъа)
15:00 – Узбекистон – Қирғизистон
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
Манбаъ: Федератсияи футболи Тоҷикистон