Дар соли сипаришуда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чаҳор кафедраи нави «Хариташиносӣ, иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ», «Педагогика ва психологияи томактабӣ ва корҳои иҷтимоӣ», «Таърих ва ҳуқуқ» ва «Физиологияи синнусолӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ» таъсис ёфт, иттилоъ дод ректори донишгоҳ Нӯъмон Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 31 январ дар донишгоҳи мазкур баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар соли 2021 ба фаъолият пардохтани Институти илмию тадқиқотии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва такмили методикаи таълими он дар ҳошияи татбиқи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (барои солҳои 2020 – 2040) аз дастоварди дигари назарраси донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар соли сипаришуда ихтисосҳои «Сурдопедагогика. Забон ва адабиёти тоҷик», «Олигофренопедагогика. Таҳсилоти ибтидоӣ» ва «Технология. Информатика» таъсис дода шуд, ки қабули довталабон ба ихтисосҳои зерин аз моҳи марти соли 2022 тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад.