Сада ҳамчун ҷашни ғолибияти гармӣ аз болои сардӣ аз аҳди қадим инҷониб дар санаи 50 шабу рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бостонӣ, ки дар радифи дигар ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта мешавад, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.
Дар мавсими вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ аз қабили яхобмонии замину боғистонҳо ва омода намудани марзҳои ҳосилхез ба киштукор дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Иди Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Ин ҷашни бузурги бостонӣ, ки аз аҳди Шоҳ Ҳушанг то имрӯз ҳамчун рамзи пайдо кардани оташ ҷашн гирифта мешавад, дар замони соҳибистиқлолӣ низ бо афрохтани гулшан ва оростани базму хурсандӣ атрофи он ҳусни оғоз меёбад.
Дар маросими идонаи бахшида ба ҷашни Сада деҳқонону боғпарварон, соҳибкорону саноатчиён ва ҳунармандони мардумӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузошта, кадбонуҳои чирадасту истеҳсолкунандагони саноати хӯрокворӣ беҳтарин намунаҳои маҳсулоти қанодӣ ва таомҳои миллиро пешкашӣ меҳмонону иштирокчиён намуданд. Атрофи базмгоҳро намоишгоҳи бузурги фурӯши ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ ҳусну шаҳомати дигар бахшид. Ҷиҳати иштирок дар ҷашни сада зиёда аз 30 муассисаҳои ниҳолпарварии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва хоҷагиҳои боғпарварии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ниҳолони парвардаи худро пешкаши сокинон намуданд. Баъди иштирок дар намоишномаи Ҷашни Сада дар толори Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ҳамоиши идона ба муносибати ин ҷашн баргузор гардид.
Тибқи натиҷагириҳо деҳқонону хоҷагидорони вилояти Хатлон давоми соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро ба 20 миллиарду 694,5 миллион сомонӣ расониданд, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2020 –ум 1 миллиарду 191,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идомаи маросим ҳамчунин, барои ноил шудан ба дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ як қатор пешқадамони бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаву туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа ва афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беҳтарин хоҷагидорону деҳқонони пахтакору сабзавоткорон, боғдорону асалпарварон, пиллапарвару чорводор, парандапарвари беҳтарину намояндагони дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳими кишоварзӣ дар соли гузашта ноҳияи Данғара соҳиби шоҳҷоиза бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Кӯшониён сазовори ҷойи дуввум ва 7000 сомонӣ ва ноҳияи Ҷайҳун мақоми сеюмро ишғол намуда, бо маблағи 5000 сомонӣ мукофотонида шуд.
Дар идомаи ҷашни Сада ҳунармандони вилояти Хатлон бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири иштирокдоронро шод гардонданд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,
вилояти Хатлон