Адиби тоҷик, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим сазовори ҷоизаи бонуфузи «Нависандаи тиллоии ҷаҳон» гардид, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷоизаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии даҳ кишвари ҷаҳон- ИМА, Олмон, Англия, Франсия, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Русия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Узбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.