Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамоиши тантанавии гирандагони Стипендияи Президентӣ тахти унвони Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 460 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, масъулини мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташкилу роҳандозӣ гардид. Зимни баромади худ маърузачиён иброз доштанд, ки имсол бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон теъдоди квотаи президентӣ барои хонандагону довталабони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз 400 адад ба 3000 адад расонида шуд. Аз ин миқдор 1201 адад квота ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рост меояд.
Бо ёдовари аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки аз моҳи июли соли ҷорӣ дар баробари дигар самтҳои хоҷагии мамлакат ҳамзамон стипендияи хонандагони болаёқати ҷумҳурӣ боз 20 фоиз зиёд мегардад, ки ин аз дастгириҳои навбатӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри насли наврас унвон карда мешавад.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби раиси Кумита ба як зумра ғолибон шаҳодатномаи гирандаи стипендияи Президентӣ ва маблағи стипендия супорида шуд. Бо изҳори сипосу самимият ба давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор гирандагони стипендия ба сухан баромада ваъда доданд, ки мактабро бо баҳои аъло хатм менамоянд ва баҳри шукуфоӣ ва сарзабзии меҳани худ саҳмгузор хоҳан буд.
Дар фарҷоми ҳамоиш бори дигар аз ҳар як иштирокчии чорабинӣ тақозо гардид, ки дар илмомӯзӣ ва бахсус омӯзиши фанҳои дақиқ, донистани забонҳо хориҷӣ ва саҳм гузоштан дар шукуфоии кишвар бетараф набошанд.