Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Copernicus аз фанҳои биология, математика, химия ва физика, ки дар иёлоти Техаси ИМА баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори 9 медал гардиданд.
Олимпиадаи мазкур аз 7 то 9 январ баргузор гардида, дар он хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ миёни 25 давлати дунё иштирок намуда, ба гирифтани 2 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Соли равон бори аввал хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, бо ҷойҳои намоёну ифтихорӣ ба ватан баргаштанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро беҳбуд бахшидан ба маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти мактабӣ, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст.
Ҳамин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020 – 2040 - ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд.
«Дастоварди навбатии хонандагони пойтахт низ дар партави дастурҳои Пешвои миллат дар самти рушди илмҳои табиашиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ҳисоб меравад»,- иброз дошт сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобоев.
Манбаъ: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе