14 январи соли 2022 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии љумњурї ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид, иттилоъ медињад Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии љумњурї.
Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолї таваҷҷуҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб намуд. Хуршед Мирзо, муовини якуми Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саривақт амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа хусусан дар самти назорати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизот таваҷҷуҳи хоса дода, таъкид дошт, ки муҳлати татбиқи он зери назорат гирифта шавад.
Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарор қабул намуда, Нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар соли 2022 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.