Санаи 10 – уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати «Як таксӣ» бори аввал 8 адад электромобили тамғаи Volkswagen Е- Lavada мавриди истифода қарор дода шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик 100 адад мошини дигар вориди пойтахт гарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Нақлиёти мазкур аз лиҳози самаранокии иқтисодӣ вобаста ба арзиши истифодаи неруи барқ дар муқоиса бо воситаҳои нақлиётие, ки дигар намуди сӯзишвориро истифода менамоянд, бартарӣ дорад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, дар як сол хароҷоти истифодаи қувваи барқ дар электробус ва электромобилҳо 27,5 фоизи хароҷоти нақлиёти бо дигар намуди сӯзишвориҳо фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.
Зимни ба истифода додани электромобилҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти ширкати «Як таксӣ», намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО иштирок намуданд.