Таҳти чунин унвон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории доимоамалкунанда баргузор шуд.
Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби коршиносон муҳтавои таҳлил оид ба арзёбии заминавии рушди фаъолияти соҳибкории занон дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар рафти муаррифӣ, вобаста ба заминаҳои фаъолияти соҳибкории занон, саҳми занону духтарон дар соҳаҳои гунонуи иҷтимоии ҷомеа, муҳимияти фарогирии молиявӣ, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, баланд бардоштани малакаи андозсупории занону духтарон, муҳимияти такмили қонунгузорӣ дар самти мазкур ва тавсияҳои мушаххас ибрози назар карда шуд.
Ҳамчунин, муаррифнома доир ба рафти иҷрои бандҳои нақшаи кории гурӯҳи корӣ дар соли 2021 манзур гардида, маълумоти мушаххас оид ба иҷрои бандҳои нақшаи корӣ, саҳми вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ассотсиатсияи соҳибкорӣ дар татбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади дастгирии занону духтарон ва ҷавонон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баргузории як қатор чорабиниҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи фаъолияти соҳибкории бонувон, дастовардҳо дар самтҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва ғайра пешниҳод гардид.