Дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» доир гардид, ки дар он омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Имомназарова ба гирифтани дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагии «Беҳтарин педагог-2021» шарафёб шуд, иттилоъ доданд аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Озмун миёни муассисаҳои илмӣ -таълимӣ бахшида ба 30-солагии ИДМ таҳти унвони «Беҳтаринҳо дар маориф-2021» баргузор шуда, он аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» байни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.