Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ба миён овардани фазои солими оиладорӣ, мутаассифона ҳодисаҳои озори аҳли хонаводаи худ аз ҷониби бархе ҳоло ҳам сурат мегиранд.
Ҳафтаи ҷорӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати ҳамсар шаҳрванд Ҳусайнов Миралӣ, санаи таваллудаш 11.07.1970, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегинро барои ба таври ҳамешагӣ мавриди озор қарор додани ҳамсараш дастгир намуданд.
Мавриди зикр аст, ки номбурда ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошта, ба таври ҳамешагӣ ҳамсари худро мавриди озору дашном қарор медодааст.
Қаблан санаи 17-уми декабри соли 2021 низ номбурда барои чунин амали номатлуб дастгир ва ба муҳлати 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардида буд.
Номбурда баъд аз таъини ҷазои маъмурӣ амалу рафтори ношоями худро тағйир надода, боз такроран ҳамсари худро мавриди озору дашномҳои қабеҳ қарор дода, дар назди дигар шаҳрвандон шаъну шарафи ӯро паст задааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе