Дар арафаи фарорасии Соли Нави милодӣ аз ҷониби роҳбарият ва фаъолони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба 25 нафар тарбиягирандагони Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Зимни аёдати кӯдакони имконияти маҳдуддошта Қиёмиддин Миралиён , раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба мактаб-интернату дигар муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳизбиён нишони пайравӣ аз иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
- Дар идомаи суҳбати самимӣ бо волидони кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд меҳмонон аз шароитҳои буду боши кӯдакону модарони онҳо дар ин Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ пурсон шуда, изҳор намуданд, ки расонидани кӯмакҳои хайрхоҳона ба кӯдакону наврасони мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таълимии барои кӯдакони имконияташон маҳдуд вазифаи ҳар фарди худогоҳи ҷомеа ба хусус, аъзоёну фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Дар идомаи тақдими туҳфаҳои солинавӣ падару модарони кӯдакон бо қаноатмандӣ аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳор доштанд, ки чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба фарзандони онҳо боиси хушҳоливу руҳбаландии кӯдакону модарони онҳо мегардад.
Бинобар иттилои масъулони Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон давоми соли сипаригардида КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳама иду ҷашнҳои миллӣ ба кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуд кӯмакҳои гуногун расонда, ҳамчунин бо ташкилу баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун дар фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо ҷомеа ва ҳамзамон рушди зеҳниву тавонбахшии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди вилояти Хатлон саҳми ниҳоят муҳим гузоштааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
“Хатлон”