Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, бахусус дар самти соҳаи маориф ва дастгирии хонандагони болаёқат дар олимпиада ва озмунҳои зеҳнӣ 29 декабр даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор шуд.
Олимпиада оид ба шоҳмот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории олимпиада- ташвиқи бозии шоҳмот миёни хонандагон, дарёфти истеъдодҳо ва ташаккули тафаккури онҳо, ангезиш додани зеҳни хонандагон дар заминаи истифодаи бозии шоҳмот ҳамчун воситаи ташаккулдиҳандаи тафаккури мантиқии онҳо, инкишофи хотира, хусусияти ояндабинӣ, рушди қобилияти мушоҳида тавассути бозии шоҳмот, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва ахлоқии хонандагон, муайян кардани дастаи беҳтарин ва шоҳмотбозҳои ҳирфавӣ, интихоб ва муайян намудани дастаҳои беҳтарин барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷа беҳтарин шоҳмотбозон – ғолибони даври сеюми (шаҳрии) Олимпиада оид ба шоҳмот муайян гардида, дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми шаҳрии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.