Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко соли 2022 сафари корӣ ба Тоҷикистонро дар нақша дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» .
- Агар нақшаҳо тағйир наёбанд, охири моҳи феврал ният дорам ба Тоҷикистон биравам, зеро мо он ҷо форуми ҳамкории байниминтақавӣ ва ҷаласаи комиссияро баргузор мекунем,- гуфт Матвиенко дирӯз, 27 декабр дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои иҷлосияи тирамоҳии палатаи болоии парлумони Русия.
Вай хотиррасон кард, ки дар ҷаласаи охирини Шӯрои палатаҳо сенаторҳо аллакай нақшаи сафарҳои байналмилалиро барои соли оянда тасдиқ карданд. «Мо чунин меҳисобем, ки аз сабаби Ковид таваққуф ба қадри кофӣ тӯлонӣ буд ва мо бояд фаъолияти байнипарлумонӣ ва байналмилалиамонро ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар заминаи бисёрҷониба фаъолона идома диҳем»,-тазаккур дод Матвиенко.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко аҳамияти дастгирии қонунгузорӣ барои рушди муносибатҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро зикр карда буд. Вай дар ин бора моҳи ноябри соли гузашта дар Москва дар мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори назар намуд.
-Русия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд. Муносибатҳои байни мамлакатҳои мо дар тамоми самтҳо ба таври куллӣ рушд меёбанд. Ва масъалахои таъмини қонунгузории инкишофи муносибатҳои мо хеле муҳиманд. Мо омодаем, ки онҳоро бо шумо муҳокима кунем,- иброз намуд ӯ.
Ба ақидаи вай, равобити байниминтақавии ду кишвар «хеле хуб рушд меёбад”. «Зиёда аз 60 субъекти Федератсияи Русия бо шарикони худ дар Тоҷикистон робита барқарор кардаанд. Ба фикрам, дар доираи комиссияи байнипарлумонии мо доимо назорат кардан зарур аст, ки созишҳо чӣ тавр ба даст оварда мешаванд. Мо, палатаҳои болоӣ, бояд ҳамкории мушаххасро ташвиқ кунем”,-гуфт Матвиенко.
Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳамкориро дар сатҳи минтақавӣ муҳим хонда, ҳамчунин гуфтаанд, ки иқтисод яке аз бахшҳои муҳими равобити Тоҷикистону Русия аст.
Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки Русия шарики муҳими сармоягузории Тоҷикистон аст, аммо иқтидори ҳамкории иқтисодӣ пурра истифода намешавад.