28 декабр бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони "Бозгашти Хоҷа Насриддин" баргузор шуд.
Намоишномаи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2022 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои кӯдакону наврасони пойтахт баргузор гардид.
Дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдаки, ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт ширкат варзиданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2022 ба унвонии тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид.
Воқеаву рӯйдодҳои намоишномаи “Бозгашти Хоҷа Насриддин” дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти афсонавӣ ба таври хотирмону таъсирбахш сурат гирифта, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи "Ғунчаҳои пойтахт", "Лаъл", "Меҳрона", "Гулрез", "Зебо", шогирдони мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи М.Атоев, дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид.
Суруду тарона ва саҳначаҳои шавқовару рангин аз ҷониби кӯдакон бо самимият ва шодию фараҳ истиқбол гардиданд.
Ба тамошобинони барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва иштирокчиёни намоишномаи солинавӣ беш аз 2500 адад туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим гардид.