25 декабр Федератсияи футболи Тоҷикистон Дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории беҳтарин футболбозони мавсимро доир намуд.
Алишер Ҷалилов – беҳтарин бозингари соли 2021 дар Тоҷикистон, Файзалӣ Сардоров – беҳтарин футзалбози сол, Далер Шарипов — футболбози умедбахши сол ва Эҳсони Панҷшанбе — беҳтарин бозингари тоҷик дар хориҷи кишвар дониста шуд.
Дар ин миён Лайло Ҳалимова — ҳамлагари дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ба гирифтани унвони беҳтарин бозингари мавсими 2021 шараёб гардид. Ӯ ҳамроҳ бо дастаи худ дар ин мавсим медали тиллои Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувонро ба даст овард.
Дар ин росто, Лайло Ҳалимова бо задани 67 гол беҳтарин нишонзани Чемпионат эътироф гардид.
Манбаъ: Федератсияи футболи Тоҷикистон