Дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба эътироф шудани “Фалак” ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ дидан намуда, дар рӯнамоии китоби “Фалак: сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”, ки бахшида ба ҷаҳонишавии Фалак рӯи чоп омадааст, ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, дар ин рӯз иштирокчиён аз тамошои лавҳаҳо ва наворҳои видиоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри Фалак дар Юнеско ва филмҳои омоданамудаи фарҳангшиносон баҳрабардорӣ намуданд.
Дар маросим нахуст иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон диққати хоса медиҳанд.
Маҳз ба туфайли заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар соли 2021 9 мавзеи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён китоби тозаэҷоди хешро ки таҳти унвони “Фалак: сайритаърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ” рӯи чоп омадааст, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Инчунин дар рафти чорабинӣ як зумра кормандону фаъолони соҳаи фарҳанг бо сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷамбаст барномаи бошукӯҳи омоданамудаи фалаксароён таҳти унвони “Рози Фалак” пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.
Ҷомӣ Зарифзода,
шаҳри Кӯлоб