Имрўз дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шудани номинаи «Фалак» ва рӯнамоии китоби Ҷонибеки Асрориён таҳти унвони «Фалак - сайри таърихӣ ва тасвири фарҳангшиносӣ» маъракаи идонаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медињад.
Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ташкил гардида, дар он олимону донишмандони санъати «Фалак» ва фалаксароён аз шаҳру минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, ки тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид.
Дар соли таърихии мамлакат – ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ пазируфта шудани боз як ибтикор ва ташаббуси дурандешона, хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) беҳтарин туҳфа ва хушхабар барои мардуми шарифи Тоҷикистон гардид.