23 декабр дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода маросими супоридани грантҳои раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар бонувони ҳунарманди шаҳр аз 3000 то 8000 сомонӣ грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шудааст.
Ф. Шарифзода дар ҳузури ҳунармандон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан - модар мавқеи баландро соҳиб гашта, имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар руҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва расму оинҳои мардумӣ якчанд амру фармон ва барномаҳо ба тасвиб расидаанд.
Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ ҳамчунин 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ ва 6 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани гранти раиси вилоят сазовор гаштаанд.