23 декабр таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Палатаи ҳисоб, Вазорати молия ва Вазорати маориф ва илми кишвар муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода суханронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки новобаста аз қабул ва амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳанӯз ҳам дар фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, инчунин муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудааст, камбудию норасоиҳо ҷой дорад.
Аз ин рӯ, ба хотири беҳтарнамоии фазои қонунгузорӣ ва бартарафкунии норасоиҳои ҷойдошта, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2017 дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила се гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки зергурӯҳҳо вобаста ба самти фаъолият дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият доранд.
То имрӯз аз ҷониби зергурӯҳҳои мазкур зиёда аз 50 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаи мазкур баррасӣ гардида, бобати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» пешниҳодҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.
Дар интиҳо баъди саволу ҷавоби вакилони мардумӣ ва музокираҳо бо назардошти таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки дар гузоришу ахборот ва саволу баромадҳо зикр шуданд, тавсияҳои парлумонӣ қабул гардиданд.
Манбаъ: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.