21 декабр дар маросими тантанавие, ки дар шаҳри Москва баргузор шуд, ба 9 нафар аз кишварҳои ИДМ ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод» супорида шуд. Яке аз онҳо директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷоизаи асосии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод» барои баландтарин дастовардҳо дар соҳаи гуманитарӣ маҳсуб меёбад. Лауреатон бо диплом, нишони фахрӣ, шаҳодатнома ва маблағи пулии 2 миллион рубли русӣ қадрдонӣ мешаванд.
Боиси тазаккур аст, ки Гулчеҳра Қоҳирова соли дуюм аст, ки ба гирифтани ин мукофот шарафёб мегардад. Ҷоизаи аввалро ӯ охири соли 2020 супурда шуба даст овард.
Г. Қоҳирова аввалин зани олим дар Тоҷикистон аст, ки ин ҷоизаро гирифтааст. Ӯ аз соли 1983, аз овони донишҷӯӣ дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон фаъолиятро шурӯъ кардааст. Беш аз даҳ сол аст, ки ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз соли 2014 – ҳамзамон ба сифати ходими пешбар ва аз 1 январи соли 2021 — сардори шуъбаи ҷисмҳои байнисайёравии ИА АМИТ) фаъолият дорад.
Таҳти роҳбарии Г. Қоҳирова дар Тоҷикистон шабакаи болидӣ таъсис ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин шабака ва то ҳол ягона аст.
Соли 2014 дар шаҳри Хелсинки дар ҳамоиши Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ сайёраи хурдеро таҳти № 24533 ба шарофати ӯ «Қоҳирова» номгузорӣ кардаанд.