Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгар дар соли 2021 беҳтаринҳо дониста шуданд.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони панҷ намуди варзиш – дзюдо ва бокс (сенафарӣ), самбо (2 кас), гӯштини озод ва таэквондо ВТФ (якнафарӣ) — дохил шуданд.
Миҷгона Самадова, ки дар риштаи бокс барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русияро ба даст овардааст, ва Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар шаҳри Бейрути Лубнон аст, ду бонуе мебошанд, ки ба рӯйхати даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли 2021-и Тоҷикистон шомил шудаанд.
Дар рӯйхати даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол Темур Раҳимов (дзюдо), Акмалиддин Каримов (самбо), Комроншоҳ Устопириён (дзюдо), Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) Хушқадам Хусравов (самбо), Далер Ризозода (гӯштини юнониву румӣ), Баҳодур Усмонов (бокс) ва Шаббос Неъматуллоев (бокс) сабт гардидаанд.
Миҷгона Самадова миёни занон беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид.