Аз санаи 22 то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021» 22-24 декабр, «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом меёбад.
Дар робита ба баргузории озмун 21 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, аъзои Комиссия аз сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷаласаи Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз намуда, вобаста ба ҷараёни баргузории даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф аз масъулин пурсон гардид.
Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода вобаста ба баргузории даври ноҳиявии озмун зикр намуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои «Мураббии сол-2021», «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-21», ки Низомномаи озмунҳои мазкур тасдиқ гардидааст, дар шаҳри Душанбе тибқи қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф баргузор карда шуд.
Дар натиҷа ғолибони озмуни “Мураббии сол-2021”, “Омўзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” муайян гардида, аз ҳар ноҳия якнафарӣ довталабон ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»