Новобаста аз чораҳои андешидашудаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати банизомдарорӣ ва аз байн бурдани дағалрафториву кирдорҳои зиддиҳуқуқии ронандагону назоратчиёни нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, мутаассифона, мусофирони зиёде аз бадрафториву тарзи нодурусти хизматрасонии чунин ронандагону назоратчиён ба мақомоти милитсияи пойтахт шикоят мекунанд.
Аз ҷумла, санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи лафзӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳи як нафар ҷавон - пулчинаки хатсайри № 25 нисбат ба зани мусофир, сокини шаҳри Душанбе инъикос ёфтааст. Тавре аз навор бармояд, зимни қарордошти зан бо кӯдакони ноболиғаш дар дохили микроавтобус байни ӯ ва пулчинак нофаҳмӣ ба вуҷуд омада, дар натиҷа байни ҳарду муноқишаи лафзӣ сурат мегирад. Сипас, ҷавон занро дар ҳузури фарзандони ноболиғаш ва дигар мусофирон мавриди дашному ҳақоратҳои ғайриахлоқӣ қарор медиҳад.
Дар зимн шаҳрвандон аз Раёсати ВКД дар шаҳри