Дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Кароматулло Абдузода корхонаи “Пойафзоли Кангурт” дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Корхонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, ҳамзамон дар ошёнаи якуми он сехи дӯзандагӣ низ ба фаъолият оғоз кард, ки дар маҷмуъ зиёда аз 70 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин гардиданд. Ошёнаи сеюми бино барои фаъолияти меҳмонхонаи замонавӣ дар назар дошта шудааст, ки рӯзҳои наздик ба кор шуруъ хоҳад кард. Дар ин коргоҳ ҳамарӯза миқдори зиёди пойафзоли андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад, ки ва дар бозори дохили аллакай харидорони худро пайдо кардааст.
Бояд қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин аввалин корхонаи пойафзолбарорӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад ва 80 фоизи ашёи хомро аз корхонаҳои ватанӣ дастрас менамояд. Сифати маҳсулот олӣ буда, аслан аз чарм омода мешаванд. Дар ин корхона реҷаи корӣ ва бастҳо муайян карда шудаанд.
Барои пайваста ва бетанаффус фаъолият намудани корхона мутахассисон лозиманд. Аз ин рӯ роҳбарияти корхона аз корхонаи пойафзолбарории “Чарми Душанбе” мутахассисонро ҷалб кардаанд ва ҳар як мутахассис то панҷ нафар сокинони маҳаллиро тарзи дурусти корбарӣ меомӯзонанд.
Бунёду ба истифода супурдани корхона охири кор нест ва муассиси корхона барои беҳтар намудани фаъолияти он ният дорад, ки масоҳати корхонаро васеъ карда, ҳарчи бештар сокинони бешуғлро бо ҷои кор таъмин намояд ва ҳаҷми истеҳсоли пойафзоли хушсифати ватаниро зиёд намояд.
Бунёду ба истифода супоридани чунин коргоҳҳо дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва некуаҳволии сокинон нақши муассир мегузорад.