17 декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ – ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардидани «Фалак» ҳамоиш баргузор гардид.
Дилшод Раҳимӣ – директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ оид ба корҳои тадқиқотӣ дар жанри фалак маълумот дода, иброз дошт, ки солҳои 2015 ва 2017 аз ҷониби кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов номинатсияи «Фалак» таҳия ва пешниҳод гашта буд, ки баъдан барои такмил баргардонда шуда буд. Соли 2020 такмили он ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот супорид шуд ва дар назди вазорат гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Қайд гардид, ки чанд номинатсияҳои дигар дар навбат аз ҷониби Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст ва дар ин самт корҳо бомаром идома доранд. Ҷонибек Асрориён, фарҳангшинос низ дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда, чанд адад китоби тозаэҷоди хешро