Рўзи 16 декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Конгресс бо суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфт. Зимни суханронӣ Рустами Эмомалӣ иброз дошт, ки «соли 2021 барои ташкилот соли назаррас буд, зеро бо пушти сар гузоштани мушкилоти пандемия тавонистем мусобиқаҳо баргузор намуда, тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор созем», иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа намояндагони ассотсиатсия, федератсия ва иттиҳодияҳои футболи кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок ва намояндагони Туркманистон ба таври онлайн ҳузур доштанд.
Инчунин дар кори конгресс Меҳдии Тоҷ — ноиб-президенти Конфедератсияи футболи Осиё низ ба намояндагӣ аз ин ташкилот иштирок дошт. Дар ҷараёни он котиби генералии ин ташкилот Улуғбек Каримов дар хусуси мусобиқаҳои баргузоршуда дар соли ҳисоботӣ гузориш дода, иброз намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти пандемия КАФА тавонист мусобиқаҳоро миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон бомуваффақият баргузор намояд.
Дар идома яке аз мавзӯъҳои асосии конгресс — тасдиқи буҷаи молии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, тариқи овоздиҳии умумӣ қабул гардид.