15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор шуд, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.
Дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон намояндагӣ намуд.
Дар ҷаласа ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинаҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10 октябр Рӯзи фалак бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»