Бо мақсади ошноӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ва таҷриба андӯхтани хатмкунандагон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоиширо дар доираи низоми ИМД дар байни хатмкунандагон (синфҳои 11-ум)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронид.
Дар умум, аз 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати 13122 нафар хатмкунандагон пешниҳод гардид. Рӯйхатҳо тибқи интихоби хатмкунандагон ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ҷудо карда шуд, ки дар умум 999 синфхонаҳои имтиҳониро ташкил медод.
Дар давоми моҳҳои октябр-декабри соли ҷорӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ гузаронида шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давомоти хатмкунандагон дар имтиҳонҳои озмоишӣ 82,75 дарсадро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар имтиҳонҳои озмоишӣ аз 530 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон ҷалб карда шуданд. Баъд аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ варақаҳои ҷавобҳои хатмкунандагон санҷида шуда, натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур тавассути раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шуданд.
Хатмкунандагоне, ки дар имтиҳонҳои озмоишӣ фаро гирифта нашудаанд, метавонанд аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) дастрас аст, истифода баранд. Хотиррасон мекунем, ки хизматрасонии мазкур дар ҳолати бархат (онлайн) ба довталабон ва ҳамчунин ба хоҳишмандони дигар имкон медиҳад, ки онҳо аз тариқи шабакаи Интернет тест супорида, дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд; бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, тарзи иҷрои тест шинос шаванд.
Бояд хотиррасон кард, ки Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо истифода аз барномаи хизматрасонии “Худро бисанҷ” имтиҳонҳои озмоиширо роҳандозӣ менамояд ва хатмкунандагон метавонанд тариқи компютер дониши худро санҷанд.
Мақсад аз гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ пеш аз ҳама шиносоии хатмкунандагон бо маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобкарда, дарк кардан ва пайдо намудани масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ, шинос шудан бо навъи саволу масъалаҳои тест ва тарзи иҷрои онҳо вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ мебошад.
Манбаъ: Хадамоти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон