Тибќи қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод Кароматулло Соҳибназаров иброз дошт, ки соли 2022 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи фарҳангии ноҳия нимпайкараи Бозор Собир сохта мешавад.
Номгузории боғи фарҳангӣ ва гузоштани нимпайкара нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин шоири муосири миллати тоҷик мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»