Ба 21 нафар падару модар нишони “Маърифатпарвар”, ба 40 нафар иштирокчии фаъол 5000 сомонӣ ва ба 20 нафар 2000 сомонӣ тақдим гардид, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Нимаи якуми рӯзи 15-уми декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М. Сатториён, муовини якуми вазири маориф ва илм М.Саломиён ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷ.Файзализода як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин 21 нафар падару модари ғолибон бо нишони “Маърифатпарвар” қадрдонӣ шуданд.
Дар баробари ин, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 нафар иштирокчии фаъоли озмун, хусусан, пиронсолону ятимон ва камбизоатону шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, ифтихорнома ва туҳфаи молӣ бо маблағи 5000 сомонӣ ва бо дастури вазири маориф ва илм ба 10 нафар иштирокчии озмун фаъоли озмун маблағи 2000 сомонӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷамъбастии озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон соати 15:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.