Рўзи 14 декабр дар вилояти Суғд ба 60 нафар занону духтарон барои рушди ҳунармандӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки дар озмун барои дарёфти грантҳо ғолиб омадаанд, 420 ҳазор сомонӣ грант тақдим гардид, иттилоъ медињад АМИТ «Ховар».
Дар маросими супоридани грантҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешанд. Бо мақсади ба шуғли манфиатнок ҷалб намудани занон ва мусоидат дар рушди ҳунармандӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола грантҳои президентӣ ҷудо мешаванд. Дар вилояти Суғд низ бо ин мақсад грантҳои Раиси вилоят таъсис дода шудаанд, ки ҳадаф аз он дастгирии бонувони ҳунарманду эҷодкор мебошад.
Бонувон бо истифода аз маблағҳои грантӣ лоиҳаҳои худро пурра татбиқ намуда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони Фестивал- озмуни вилоятии «Атласу адраси Суғд–2021» муайян гардида, ба гирандаи Шоҳҷоиза Шаҳноза Ахмедова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.