Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия (MICCI) 9 декабр дар шаҳри Куала- Лумпур Форуми тиҷоратӣ баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар соҳибкорон аз 30 ширкати малайзӣ иштирок доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст», — иброз намуд Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст барои соҳибкорони малайзӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ҷудо намудани қитъаи заминро баррасӣ намояд.
Дар доираи ҳамоиши мазкур намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки ҳозирин ба тамъу сифати маҳсулоти тоҷикӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ба роҳ мондани содироти ин маҳсулот ба минтақаи Ҷанубу Шарқии Осиё мароқ зоҳир карданд.
Сафорат дар намоишгоҳ маълумотро дар бораи маҳсулот ва истеҳсолкунандагони миллӣ, намунаҳои маҳсулот аз ширкатҳои ватании ғизо ва нӯшокиҳои «Сиёма», «Баракат Исфара», «Амирӣ», «Витаминҳои Тоҷикистон», «Ширин» ва ғайра ба намоиш гузошт.