Бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан дар Тоҷикистон муомилоти маводи тарфгарӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шуда, ҳама гуна кирдорҳои алоқаманд ба он амали ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷиноятиро дар пай дорад.
Ҳамасола дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ чунин кирдорҳои зидиҳуқуқӣ бо баҳонаи дилхушӣ авҷ гирифта, асосан ҷавонону наврасон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Давоми даҳаи аввали моҳи декабр кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд 6 ҳолати муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгариро ба қайд гирифта, дар маҷмуъ 54 ҳазору 741 адад маводи тарфгарии садодиҳандаро, ки маъмулан «хлопушка» мегӯянд, мусодира намуданд.
Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ба хотири ба даст овардани манфиати пулӣ меъёрҳои манъкунандаи қонунро сарфи назар насозанд. Ҳамчунин волидонро зарур аст, ки дар ин самт фарзандонро назорат кунанд ва аз оқибатҳои ногувори чунин амали ғайриқонунӣ огаҳ намоянд.
Манбаъ: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон