13 декабр дар КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» ҳамоиши ҷавонони соҳаи рӯзноманигорӣ дар мавзӯи «Мавқеъгирии расонаҳои давлатӣ муқобили таҳдидҳои замони муосир» баргузор шуд.
Ҳамоиш бо ибтикори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар ҳамбастагӣ бо рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Халқ овози», «Минбари халқ», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.
Қаноатулло Сайфуллоев, муовини директори АМИТ «Ховар» дар ҳамоиши мазкур оид ба нақши матбуот ва ВАО дар пешгирии хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда, матбуотро ҳамчун самти муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ ном бурд.
Дар рафти ҳамоиш таъкид гардид, ки рӯзноманигорон бояд дар ягон маврид аз нотавонбинони давлату миллат ҳарос накарда, манфиатҳои давлату миллатро дар ҷойи аввал гузоранд ва моҳияти сулҳу субот ва оромии кишварро ба омма бозгӯӣ намоянд.
Дар ҳамоиши мазкур инчунин аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид, ки дар назди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон «Мактаби журналистони ҷавон» таъсис дода шавад, ки ин пешниҳод аз ҷониби намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Дар фарҷом иштирокчиёни ҳамоиш перомуни мавзӯи Мавқеъгирии расонаҳои давлатӣ муқобили таҳдидҳои замони муосир» муроҷиатнома қабул намуданд.