Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт» сазовори медали тилло шуд.
Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.
Дар мусобиқа 6 варзишгари дигар - Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.
Манбаъ: Кумитаи миллии олимпии Тољикистон