Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавӣ ва галаконсерти иштирокдорони Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» шоми 9 декабр доир гардид.
Фестивали мазкур тӯли чанд рӯз тавонист, ки ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, аз ҷумла арманҳову русҳо, туркманҳою ӯзбекҳо ва қирғизҳо бо шумули наврасони эҷодкор аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагонаи шаҳри Душанбе, ки дар маҷмуъ зиёда аз 350 нафарро ташкил медоданд, сарҷамъ намуда, ба ҷашнвораи ҳақиқии ҳунару истеъдоди насли фардосози кишвар мубаддал гардад. Дар ин муддат иштирокчиёни фестивал дар саҳнаҳои гуногуни муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ, навозандагӣ ва хониши бадеӣ ҳунарнамо