Дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз 19 то 40 - сола ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов идома дорад. Рӯзи дуюми рақобатҳо дар доираи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс ба анҷом расид. Дар ин рӯз бонувон дар 3 категория ва мардон дар шаш вазн миёни ҳам қувва санҷиданд. Дар натиҷа варзишгарбонуи кишвар Миҷгона Самадова тавонист ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқот роҳхат ёбад
Миҷгона Самадова, ки дар даври аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс бар вазишгари Муғулистон Мичидма Эрденедалай пирӯз шуда буд, дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ бо намояндаи Лаҳистон Серафин Моника сабқат намуд. Дар ин вохӯрӣ ҳам Миҷгона Самадова бар ҳарифаш дастболо шуд. Ӯ то анҷоми вақт тавонист сӯи ҳариф зарбаҳои зиёди мустақим равон кунад. Дар натиҷа доварон ғалабаро ба муштзани тоҷик доданд.
Миҷгона Самадова дар даври нимниҳоӣ бо намояндаи Русия қувва месанҷад.
Манбаъ: Федератсияи бокси Тоҷикистон