8 декабр дар шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлили ҳолатҳои критикӣ ва пешгирии фавти модар ва бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар доираи амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷаласаи корӣ доир гардид.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи солимии модар ва кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, алалхусус дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон якчанд дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ таҳия ва қабул гардида, бо дастур ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ, Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Дӯстӣ, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ, таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе сохтаю бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуданд, ки дастрасӣ ва сифати табобати модарону кӯдаконро беҳтар гардонид