3 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси бонки мазкур Моҳбону Накҳатзода ва кормандони бонк муаррифии рӯнамои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” доир гардид.
Дар барномаи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” 81 нафар аз 28 давлати дунё иштирок намуданд, ки 5 нафар намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори дигар ҳамтоёни худ аз дигар давлатҳо муддати шаш моҳ, тариқи онлайн - сессия дар Барномаи муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон таҳсил намуда, онро бо муваффақият хатм карданд ва соҳиби шаҳодатнома гаштанд.
Аз ҷумлаи онҳо, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, сардори Идораи бозори молиявӣ Умеда Сатторзода, сардори Шуъбаи таҳлили хавфҳо Муниса Навҷуанова, сармутахассиси Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Зарангез Умарова ва мутахассиси пешбари Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Вероника Мадалиева мебошанд, ки дар мавзӯи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” рӯнамоиҳои ҷолиб манзур намуда, аз таҷрибаи андӯхтаи шашмоҳаи худ дар ин самт ҳисобот доданд.
Давоми шаш моҳ аз ҷониби масъулин ба иштирокчиёни барнома имкон фароҳам оварда шуд, ки малакаи роҳбарии худро дар самти қабули қарорҳои стратегӣ ва доир намудани гуфтушунидҳо такмил дода, дар раванди омӯзиш роҷеъ ба таҷрибаи пешқадам дар самти тарҳрезии сиёсати гендерии фарогирии молиявӣ, ҷамъоварӣ ва таҳлили омор маълумоти кофӣ ба даст оваранд. Инчунин, тавассути барномаи мазкур иштирокчиён тавонистанд, ки бо усулҳои техникӣ ва стратегии таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявии занон шинос шуда, барои пешбарии бонувон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои худ малака пайдо кунанд.
Дар маҷмуъ, Барномаи мазкур барои иштирокдорон пурманфиату самарабахш буд ва боварии комил дорем, ки малакаю донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда натиҷаҳои пурмаҳсул дода, баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти бонувони роҳбарикунанда мусоидат хоҳанд кард”-таъкид дошт М. Накҳатзода.
Маврид ба зикр аст, ки созмондиҳандаи аслии Барномаи муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон “Women’s World Banking” буда, таъмини суботи бештари иқтисодӣ, рушди зеҳнии бонувон ва фаъолнокии онҳоро дар иқтисодиёт сармоягузорӣ мекунад.
Манбаъ: Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон
Ситора