Дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола аз 7-уми декабр оғоз гардида, то 11-уми ҳамин моҳ идома меёбад.
Мусобиқаи мазкур ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов бахшида шудааст, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дастаҳои мунтахаби бокси 16 кишвари дунё, аз ҷумла муштзанони тоҷик дар мусобиқаи мазкур ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар – 2 духтар (Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова) ва 6 писар ба ин мусобиқа сафарбар гардиданд.
Дар рақобатҳо миёни бонувон Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг маҳорати баланд нишон дода, дар даври аввал бо намояндаи Муғулистон Мичидма Эрденедалай қувва озмуд. Аз аввали рақобат бартарӣ ба ҷониби Миҷгона буд. Ӯ тамоми се раунд сӯи ҳариф зарбаҳои пайдарпай равон кард, ки ҳамаи онҳо мустақим буданд. Ин буд, ки доварон бо қарори якдилона пирӯзиро ба Миҷгона Самадова насиб донистанд.
Акс аз манбаъҳои боз.