Хонандаи синфи 10 - и Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе Нигина Назарова соҳиби Ҷоизаи байналмилалии кӯдакон ва наврасон «Экология — кори ҳар нафар аст» дар номинаи «Экология дар ҷаҳон» гардид.
Озмуни мазкур аз ҷониби Хадамоти федералии назорати идоракунии муҳити зисти Федератсияи Русия «Росприроднадзор» ташкил карда шуд, ки ба он Нигина Назарова дар мавзӯи «Экология — кори ҳар нафар аст» тариқи онлайн гузориши видеоӣ пешниҳод намуд.
Озмуни мазкур 25 ноябр дар шаҳри Москва тариқи конфронси онлайнӣ ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон қариб 200 нафарро ба ҷоиза пешбарӣ намуд: 96 нафари онҳо аз рӯи 12 номина ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол карданд, 4 ҷоиза ба журналистон дода шуда, 86 нафар иштирокчӣ бо мукофотҳои махсус сарфароз гардонида шуданд.
Љоизаи «Росприроднадзор» лоиҳаи барҷастаест, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, ҷалби кӯдакону наврасон ба барномаи экологӣ ва дастгирии фаъолияти экологии онҳо мебошад. Озмун миёни наврасони аз 7 то 16-сола гузаронида мешавад.
Дар озмун наврасон тариқи онлайн аз 21 давлати ҷаҳон — Перу, Беларус, Панама, Тоҷикистон, Узбекистон, Мексика, Ҳидустон, Чин ва Колумбия иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»